Прокуратураи генералӣ сафҳояшро «поккорӣ» мекунад

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи болоии парлумон прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ Раёсати пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ҳамчунин шуъбаи амнияти дохилӣ таъсис дода шуда, ин сохторҳо дар як муддати кӯтоҳ 18 ҷинояти марбут ба коррупсияи аз ҷониби кормандони мақомоти […]



Зимни суханронӣ дар иҷлосияи имрӯзаи палатаи болоии парлумон прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзода изҳор намуд, ки ахири соли гузашта дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ Раёсати пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ҳамчунин шуъбаи амнияти дохилӣ таъсис дода шуда, ин сохторҳо дар як муддати кӯтоҳ 18 ҷинояти марбут ба коррупсияи аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура содиршударо ошкор кардаанд.

Ӯ изҳори таассуф намуд, ки сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура ошӯби низомии санаи 4 сентябри соли 2015-ро пешгирӣ накарда, аз замони омодагириаш ошкор карда натавонистанд.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзода қайд кард, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 199 нафар, ки нисбаташон айбнома эълон шудааст, 179 нафарашон узви Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ набуда, 40 нафар иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаанд ва 36 тан аз иштирокчиёни он зимни амалиёти махсус кушта шудаанд.

Прокурори генералӣ зикр кард, ки айни замон ба маблағи умумии 151 млн. сомонӣ иншооти мутааллиқ ба иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён таҳти ҳабс қарор дошта, тафтиши маблағгузории исён аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони он идома дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.