Президент ба писараш: Бо мардум наздик бош ва халқ туро дастгирӣ мекунад

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти Тоҷикистон тасмими таъини писараш ба мансаби раиси шаҳри Душанберо шарҳ дод. Президент қайд кард, ки ин қарори қабулшуда аз ҷониби ӯ сатҳиву бемулоҳиза нест. «Пеш аз ба роҳбарӣ гирифтани мақомоти шаҳрдории пойтахт Рустами Эмомалӣ дар сохторҳои ҷиддии давлатӣ таҷриба андӯхта, ғайр аз ин, пӯшида нест, ки дар […]

Зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолони пойтахт Президенти Тоҷикистон тасмими таъини писараш ба мансаби раиси шаҳри Душанберо шарҳ дод.

Президент қайд кард, ки ин қарори қабулшуда аз ҷониби ӯ сатҳиву бемулоҳиза нест.

«Пеш аз ба роҳбарӣ гирифтани мақомоти шаҳрдории пойтахт Рустами Эмомалӣ дар сохторҳои ҷиддии давлатӣ таҷриба андӯхта, ғайр аз ин, пӯшида нест, ки дар ҷараёни ҳалли мушкилоти пайдошудаи шаҳр, аз ҷонибе ба ӯ таъсир расонида наметавонанд», – иброз дошт сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон ба писараш тавсия дод, ки ба мардуми оддӣ наздик бошад.

«Мардуми мо хеле хайроҳу меҳрубон аст ва барои онҳо на он қадр чизи зиёд – барқи доимӣ, нархҳои начадон баланд ва кори шоиста лозим буда, онҳоро бо ин чизҳо таъмин кун ва мардум туро дастгирӣ хоҳад кард, – гуфт сарвари давлат. – Ба мардум наздиктар бошу бо онҳо тез-тез вохӯриҳо барпо кун ва на дар чорабиниҳои пуршукӯҳу қасрҳо, балки ба хонаҳои онҳо раву бо коргару хизматчии оддӣ сари як дастархон бинишин ва бо ин амалат натанҳо меҳру самимияти онҳоро ба даст меорӣ, балки дарк хоҳӣ кард, ки мардуми оддӣ чӣ тавр зиндагонӣ мекунад».

Дар мулоқот бо фаъолони пойтахт президент вазъ дар бахшҳои муҳими хоҷагидории шаҳри Душанберо муфассал мавриди баррасиву таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар ҳамаи соҳаҳои идоракунии шаҳр ва мусоидат ба таъмини рушди устувор дар ин соҳаҳо ба сохторҳои масъул дастуру супоришҳо дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.