Эмомалӣ Раҳмон: замони истиқлолият корхонаҳои пойтахт 2,5 баробар зиёд шуданд

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум (195 корхона) 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад. Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Дирексияи сохтмони иншооти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки имрӯз шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 468 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум (195 корхона) 273 корхона ё 2,5 баробар зиёд мебошад.

Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар зарфи солҳои 2006-2016 дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои сохтмону азнавсозӣ ва таъмири асосии 32 иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба маблағи умумии якуним миллиард сомонӣ ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода шуд, аз ҷумла 18 иншооти навбунёд ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ ва 14 иншоот ба маблағи 242 миллион сомонӣ таҷдиду азнавсозӣ гардид.

"Вале бояд гуфт, ки соли 2016-ум 57 корхонаи саноатӣ бо сабаби фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ ва камбудии молиявӣ аз фаъолият бозмонда, боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кам шудани ҷойҳои корӣ дар шаҳри Душанбе гардидааст, – қайд кард сарвари давлат. – Инчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар 160 корхона паст гардида, дар натиҷа аз 78 намуди маҳсулоти муҳимми саноатӣ истеҳсоли 31 номгӯй (40 фоиз) назар ба соли 2015 кам, 5 номгӯй маҳсулот (6,4 фоиз) умуман истеҳсол нашудааст ва дар натиҷа ҳаҷми содироти корхонаҳои саноатии пойтахт назар ба соли 2015-ум 33 фоиз коҳиш ёфтааст".

Ба гуфтаи президент, ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе беш аз 43 миллиард сомонӣ сармояи хориҷиро ҷалб намуд, ки қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат ҷиҳати ҳалли мушкилоти марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, гармӣ, нақлиёт, таъмиру роҳҳо, маориф ва тандурустӣ дар пойтахт ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо оғози лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар Душанбе беш аз 1,2 млн. ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии ҷарима аз онҳо ҳудуди 73 млн. сомониро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.