КҲФ: Наҷоти 5 нафар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Шаби гузашта наҷотдиҳандагон ба аз ғарами барф берун овардани автомашина бо панҷ нафар кумак карданд, ки байни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур дошт. Ин ҳодиса дар километри 68-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, соати 22-30 дақиқаи шаб кормандони ширкати IRS ва БДА дар ин хусус ба онҳо тариқи телефон хабар додаанд. Бино […]

Шаби гузашта наҷотдиҳандагон ба аз ғарами барф берун овардани автомашина бо панҷ нафар кумак карданд, ки байни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур дошт.

Ин ҳодиса дар километри 68-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, соати 22-30 дақиқаи шаб кормандони ширкати IRS ва БДА дар ин хусус ба онҳо тариқи телефон хабар додаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), маълум шудааст, ки автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» бо ронандаву 4 мусофираш, ки миёни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур доштааст, дар иҳотаи барф мондааст.

«Автомашина ба Хуҷанд раҳсипор буда, сарфи назар аз огоҳиҳои КҲФ дар бораи хатари яхбандиву тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои автомашина бо резинаҳои зимистонӣ ва занҷирҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз карда нашудаанд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти КҲФ Умеда Юсуфова.

Номбурда қайд кард, ки амалиёти наҷотдиҳии онҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита каме бештар аз 1 соат давом карда, баъди автомашинаро аз ғарами барф берун овардан, онҳо ба сафари худ ба Хуҷанд идома додаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки дар натиҷаи гармшавии обуҳаво ва боридани борон дар минтақаҳои кӯҳистон, хатари тармафароӣ бамаротиб боло рафта, фишор аз тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад!

Аз ин рӯ, Кумита бори дигар бисрор аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки мувофиқи имкон аз сафар ба қитъаҳои дорои хатари тармафроӣ худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.