Президенти Италия сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дар қасри Квириналеи Рим маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Италия Исматулло Насрединов ба Президенти Италия Серҷо Маттарелла баргузор гардид.    Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баъди супоридани эътимоднома суҳбати сафир бо Президенти Италия баргузор гардид, ки зимни он вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии ин кишвар Анҷелино Алфано низ ҳузур дошт. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Дар қасри Квириналеи Рим маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Италия Исматулло Насрединов ба Президенти Италия Серҷо Маттарелла баргузор гардид.   

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, баъди супоридани эътимоднома суҳбати сафир бо Президенти Италия баргузор гардид, ки зимни он вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии ин кишвар Анҷелино Алфано низ ҳузур дошт.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат И.Насрединов салому дуруди Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба ҳамтои италиявиаш расонид. Президенти Ҷумҳурии Италия, дар ҷавоб изҳори сипос намуда, аҳаммияти таъйини сафири Тоҷикистонро дар кишвари худ барои рушди робитаҳои дуҷониба таъкид кард.  

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамсуҳбатҳо дурнамои муносибатҳои ду кишвари дӯстро дар самтҳои гуногун муҳокима намуда, дар анҷоми суҳбат Серҷо Маттарелла ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон комёбиҳо ва пешравиҳоро таманно намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.