Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский нахустнамоиши спектакли «Ночь в театре» (Шабе дар театр) доир мегардад. Спектакл дар толори Театри ба номи Лоҳутӣ намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соати 17:30;

– Дар Душанбе бозиҳои даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд. Бозиҳо дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ гузаронида мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9365 сомонӣ;

1 евро – 8.4428 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1375 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1931 – Анҷумани I-уми Шӯрои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки дар он нахустин Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул шуд.

2010 — Дар Душанбе 12 узви созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд.

1940 – Зодрӯзи шоира Ҳадиса Қурбонова.

1959 – Мавлуди ҳунарманди театр Фатҳулло Абдуллоев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +12+17; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -9-14, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +1+6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, туман.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +15+17.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...