Оғози Бозиҳои VIII-уми зимистонаи осиёӣ дар Саппоро

Иттилоияи расмӣ

Дар варзишгоҳи “Саппоро – Доум” – и Ҷопон рӯзи 19 феврал маросими расмии ифтитоҳи VIII -умин Бозиҳои зимистонаи осиёӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар чорабинии мазкур  Аҳмад ал – Фаҳд ал – Сабоҳ Президенти Кумитаи олимпии Осиё, Нарухито шоҳзодаи валиаҳди  Ҷопон, роҳбарияти ҳайатҳои дастаҳо, варзишгарон, намояндагони ВАО ва дигарон иштирок намуданд.

Дар Бозиҳои VIII – умин зимистонаи осиёӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгарону мураббиён ва шахсони расмӣ аз 32 дастаҳои мунтахаби кишварҳои қораи Осиё иштирок менамоянд. Ин шумора  дар Бозиҳои VII зимистонаи Осиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ба 843 варзишгар ва 26 дастаро ташкил медод.

Шасту чор мусобиқа аз рӯи 11 намуди варзиш аз ҷумла биатлон, лижаронии кӯҳӣ, кёрлинг, конкитозӣ, пойгаи лижаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин, сноуборд, рақси рӯи ях, фристайл, хоккей бо шайба, шорт-трек дар шаҳрҳои Саппоро ва Обиҳиро баргузор хоҳанд шуд.

Зикр мегардад, ки маротибаи сеюм аст, ки шаҳри Саппоро мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё мешавад. Солҳои 1986, 1972 ва 1990 низ дар ин шаҳр баргузор гашта буд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон иборат аз  Соҳибназари Турсунмурод, Баракатулло Зокиров, Сайфиддини Низомиддин ва Баҳриддин Ғоибов аз намудҳои лижаронии куҳӣ дар ин бозиҳо иштирок менамоянд.

Варзишгарони тоҷик таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон имкони иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузро пайдо намуданд.

Боиси зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона саҳм гузошта истодааст.

Дар ин муддати кӯтоҳ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши дар ҳамкори бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпии кишвар чандин ҷамомадҳои машқӣ, таълимӣ ва варзишӣ барои рушду инкишофи намудҳои зимистонаи варзишӣ дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» баргузор намудааст.

Маҳз азнавсозии Маҷмааи кӯҳию лижаронии «Сафед-Дара» имкон дод, ки варзишгарони тоҷик дар шароити созгор ва мутобиқ ба талаботҳои замони муосир тамрин намоянд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар соли 2016  Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон аз нав сохта шуда, бо лавозимоти таълимӣ ва синфхонаҳои интерактивии тамринӣ муҷаҳҳас гардидааст.

Дар як муддати кӯтоҳ Ассотсиатсия варзишгарони кишварро дар бошишгоҳҳои тамринии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии исломии Покистон ба ҷамомадҳои машқӣ, таълимӣ ва варзишӣ фаро гирифт.

Бозиҳои  VIII – умин  зимистонаи осиёӣ яке аз аввалин имкониятҳои иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ барои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он барои сайқал додани  малакаҳои ҳар як узви дастаи мунтахаб муҳим арзёбӣ мегардад.

Роҳбарияти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо истифода аз таҷрибаи байналмиллалӣ сатҳ ва сифати ин нави варзишро дар кишвар боло бардорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...