Тадбирҳои шаҳрдории пойтахт ҷиҳати беҳбуди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт, гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода мешавад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони тамоми хадамоти шаҳрдорӣ, омӯзгорону табибон, эпидемиологу экологҳо, ҳуқуқшиносон ва ходимони дин шомил […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар пойтахт, гурӯҳи муштараки таблиғотӣ таъсис дода мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони тамоми хадамоти шаҳрдорӣ, омӯзгорону табибон, эпидемиологу экологҳо, ҳуқуқшиносон ва ходимони дин шомил шудаанд.

Масъулони иҷрои ин тадбир бояд ба сокинони талаботҳои асосии санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Тоҷикистон, пеш аз ҳама меъёрҳои қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи  пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро шарҳу тавзеҳ бидиҳанд.

Раиси пойтахт ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои марбутаи ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки барои баргузор намудани вохӯрии аъзои гурӯҳ бо аҳолӣ, коргарону хизматчиён ва намояндагони аҳли ҷомеа мусоидат кунанд.

Гурӯҳи муштараки таблиғотӣ ҳар семоҳа назди раиси пойтахт дар бораи корҳои анҷомдодааш гузориш медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.