Табдили номи боз як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар Суғд

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон иваз карда шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, […]

Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон иваз карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷомбулоқ ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба Кабудсанг, Қичиқ Шӯрнова ба Шӯроноваи хурд табдил дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Амондара, Саразм, Косатарош ва деҳоти ба номи Халифа Ҳасан воқеанд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дар шаҳри Конибодом ду деҳа – деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедорак табдили ном карданд. Инчунин дар ноҳияи Ашт деҳаи Қӯрғонча ба Қалъача ва Қамишқӯрғон ба Хуҷистон иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Спитамен номи чор деҳа- деҳаи Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиё табдил дода шуданд.

Ҳадафи асосии иваз кардани номҳои маҳалҳои аҳолинишин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёи номҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъҳо шаҳодат медиҳанд, ба шумор меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.