Ҳалокати 3 корманди IRS зери тарма

Се корманди ширкати хизматрасонии роҳи Innovative Road Solutions (IRS) зери тарма ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи шанбе, 18 феврал дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазур хабар доданд, фавтидагон Некрӯз Зубуров, Ҷаъфар Ёралиев ва Фахриддин Ашӯров вақти тармафароӣ ба иҷрои корҳои тозакунии роҳ машғул […]

Се корманди ширкати хизматрасонии роҳи Innovative Road Solutions (IRS) зери тарма ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи шанбе, 18 феврал дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд рух додааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазур хабар доданд, фавтидагон Некрӯз Зубуров, Ҷаъфар Ёралиев ва Фахриддин Ашӯров вақти тармафароӣ ба иҷрои корҳои тозакунии роҳ машғул буда, ба сурати умум 7 нафар кормандони ширкат зери тарма мондаанд.

«Бидуни кумаки наҷотдиҳандагон  4 нафар кормандони ширкат аз зери тарма берун оварда шуданд, – гуфт сухангӯи ширкат Далери Абдулло. – Бо ҷароҳатҳои гуногун онҳо айни замон дар бемористон бистарианд».

Ба гуфтаи ӯ, ҷасадҳои ҳалокшудагон рӯзи якшанбе аз зери тарма берун гирифта шуда, имрӯз ба хок супурда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.