Ҳавасмандии ICD ба таъсиси фонди дастгирии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) таҳти роҳбарии директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Холид ал-Абудӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусиро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос […]

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) таҳти роҳбарии директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ Холид ал-Абудӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот Ҷ.Нурмаҳмадзода ҳайати Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусиро бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, аз натиҷаҳои ноилшуда дар таҳияи санадҳо барои татбиқи минбаъдаи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон сухан кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, гидроэнергетика, низоми бонкӣ, аз ҷумла бонкдории исломӣ, рушди амалиётҳо бо қоғазҳои қиматноки исломӣ (сукук), рушди соҳибкории хурду миёна тавассути ҷалби сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар навбати худ Холид ал-Абудӣ ҷиҳати тавсеа додани ҳамкориҳо барои дастгирии соҳибкории хурду миёна тавассути таъсиси фондҳои маблағгузорӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Вобаста ба ин Ҷ.Нурмаҳмадзода ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд бо корпоратсияи мазкур изҳори омодагӣ кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.