Навгонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ: сурудҳо дар бораи Ватан ва Пешвои миллат

Дар нақлиёти ҷамъиятӣ мусофиронро аз ба кадом самт рафтани нақлиёт огоҳ карда, ба онҳо шунидани суруду таронаҳои ватандӯстонаро пешниҳод мекунанд. Чунин навгонӣ аз ҳамин рӯз, 20 феврал дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифтааст. Субҳи имрӯз дар чанде аз микроавтобусҳои хатсайри №25-и ҶСК «Беҳрӯз-15» ба чунин навгонӣ дучор омадан мумкин буд. Тавассути магнитофонҳои […]

Дар нақлиёти ҷамъиятӣ мусофиронро аз ба кадом самт рафтани нақлиёт огоҳ карда, ба онҳо шунидани суруду таронаҳои ватандӯстонаро пешниҳод мекунанд. Чунин навгонӣ аз ҳамин рӯз, 20 феврал дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе мавриди амал қарор гирифтааст.

Субҳи имрӯз дар чанде аз микроавтобусҳои хатсайри №25-и ҶСК «Беҳрӯз-15» ба чунин навгонӣ дучор омадан мумкин буд. Тавассути магнитофонҳои дар маршруткаҳо насбшуда ба мусофирон бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мудом доир ба ширкати хизматрасон, самти ҳаракат ва истгоҳҳо дар он маълумот дода мешавад.

Ғайр аз ин, дар фосилаи вақти эълонҳо дар дохили маршруткаҳо суруду таронаҳо дар бораи Тоҷикистону ватандӯстӣ ва Пешвои миллат танинандоз мегарданд.

Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс», чунин навгонӣ имрӯз дар микроавтобусҳои хатсайрҳои №25, №2, №35, №15, №13, №46 ҷорӣ шудааст.

Яке аз ронандагони ин микроавтобусҳо бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки флеш-корт бо сабти маълумот дар бораи хатсайр ва суруду таронаҳои мавзӯи ватандӯстиро онҳо бо қимати 35 сомонӣ дар ширкатҳо машғули корашон мехаранд.

Як манбаъ аз муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки ояндаи наздик дар тамоми хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр чунин таҷриба ҷорӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамарӯза дар шаҳр ба ҳисоби миёна 197 автобус, 60 троллейбус, 50 микроавтобус ва беш аз 2,2 ҳазор адад нақлиёти мусофирбари бахши хусусӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Расо як моҳ пеш директори муассисаи давлатии «Душанбенақлиётхадамотрасон» Ғаюрбек Искандаров изҳор дошта буд, ки ҳукуматдорони Душанбе ният доранд, ки нимаи аввали соли равон нақлиёти мусофиркаши «Старекс»-у «Мерседес»-ро ба автобусу троллейбусҳо иваз карда, таксиҳои шахсӣ низ боқӣ мемонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.