Отамбоев: Мо масоили худро худамон ҳал мекунем

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Отамбоев дар суҳбат бо “Euronews” иддаоро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст: “Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати […]

Хабаргузории «Озодагон»

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Отамбоев дар суҳбат бо “Euronews” иддаоро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст:

“Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати пойбандӣ расонда буданд, аммо имрӯз кишвар тамоман дигар аст. Қирғизистон аз ҳамаи ҳамсояҳо вобаста буд, онҳо кай, ки мехостанд интиқоли газу барқро қатъ мекарданд, марзҳоро мебастанд. Аммо имрӯз Қирғизистон дигар аст. Президентро на Маскаву на Вашингтон балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бовар кунед ин кишвару ин мардум дигар аст. Мо масоили худро худамон ҳал мекунем”.

Ба гуфтаи Отамбоев ҳадаф аз сафари Путин ба Қирғизистон баррасии ҳамкориҳо мебошад: “Мавзӯъҳо барои баррасӣ зиёд дорем”.

Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Русия охири моҳи феврал аз Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.