«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Пекин шурӯъ мекунад

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр»  аз санаи 27 феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе шурӯъ менамояд. Бино ба иттилои котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат […]

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр»  аз санаи 27 феврал ба иҷрои хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе шурӯъ менамояд.

Бино ба иттилои котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев, васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.

Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40, тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг  757 – 200 сурат мегиранд ва аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона до вақти Пекин анҷом меёбанд. Вақти расидан ба Душанбе – 07:10.  Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин – 5 соат 30 дақиқа. Давомнокии парвози хатсайри Пекин – Душанбе – 6 соату 40 дақиқа. Арзиши чипта дар ду самт  – 1 748 сомонӣ.

Дар маросими кушодашавии хатсайри нав директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур ба сокинони Тоҷикистон ва Хитой имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осонтар кунанд. Бо кушода шудани хайтсайри нав муносибатҳои халқҳои ду кишвар боз ҳам наздиктар мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борро ба самтҳои зерин пешниҳод менамояд: Алмаато, Бишкек,  Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут.

Маълумотнома: Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаолияташро бо мақсади  интиқоли мусофирон, бору бағоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим  ва иттилои ошкор иборат аст.  Фарохии  масоҳати парвоз, таъмини амният, эҳтимодият ва ҳузуру ҳаловат вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошад.

Имрӯз дар  ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500   мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ),  Эрон (Теҳрон), Қазақистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои  дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ  ва вилояти Суғд ба  Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.