Қадрдонии корманди милитсияи дар Варзоб ҳалокшуда баъд аз марг

Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар маҳфили ёдбуд Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, падару модари шодравон Саюмарс Гулмадов ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.

Корнамоӣ ва ҷасорату мардонагии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов дар он лаҳзаҳои душвор ба нафароне, ки ба кӯмаку дастгирии дигарон ниёз доштанд, беҳтарин нишони олии садоқат ба кору вазифа, эҳтиром ба касб, ба ҳаёт ва саломатии онҳо ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якчанд соли охир дар мушкилтарин лаҳзаву соатҳо, алалхусус ҳолатҳои фавқулодда, дар рафъи ҳодисаҳои табиӣ аз қабили сухтор, фаромадани тарма, обхезӣ, ки дар фаслҳои зимиситону баҳор барои мардум мушкилиро пеш меоранд, бо мардум буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Онҳо дар баробари ҳифзи молу ашё ва дороии шаҳрвандон, ҷони худро ба хатар гузошта, ҳаёти дигаронро аз марг наҷот доданд.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гулмадов Саюмарс Аскарович пас аз марг бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуда, Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович мукофоти давлатиро ба падари Саюмарс – Аскар Гулмадов супорид.

Ҳамчунин, барои зоҳир намудани ҷасурию далерӣ, матонату шуҷоат ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон корманди Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб сержанти калон Алишер Раҳимзода бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.

Дар идомаи маҳфили ёдбуд бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хизмати содиқона ба Ватан, садоқат ба савганд, ҷоннисоркунӣ баҳри манфиатҳои шаҳрвандон ва кӯмаки амалӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни бартарафкунии оқибатҳои лағжиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд падару модари марҳум Саюмарс бо Раҳматнома аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...