Ҳавопаймо имрӯз аз Душанбе ба Тошканд раҳсипор мегардад

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният дорад, ки имрӯз парвози се рӯз қабл батаъхирафтода аз Душанбе ба Тошкадро анҷом диҳад, вале ин алҳол парвоз тариқи хатсайри доимӣ нест. Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парвози ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд соати 13-00-и вақти маҳаллӣ дар назар аст. Ба […]

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният дорад, ки имрӯз парвози се рӯз қабл батаъхирафтода аз Душанбе ба Тошкадро анҷом диҳад, вале ин алҳол парвоз тариқи хатсайри доимӣ нест.

Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парвози ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд соати 13-00-и вақти маҳаллӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, корҳои омодагӣ ва хзматрасонии анҷоми парвози ҳавопаймо ба ин самт аллакай оғоз гардида, бақайдгирии мусофирон соати 11-00 оғоз мегардад.

Ҳусейнова зикр кард, ки дар баробари мусофирон, бо ин хатсайр ҳамчунин роҳбарони сохторҳои авиатсионӣ ва корхонаҳои Тоҷикистон низ ба Тошканд рафта, масъалаҳои техникии роҳандозии парвози мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданианд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол ба ҳеҷ гунае маълумоти мазкур аз фурудгоҳи Душанберо шарҳ намедиҳад ва аз ин рӯ, шумори мусофирони ин хатсайр низ ҳанӯз номаълум аст. Ба хатсайре, ки се рӯз қабл мавқуф гузошта шуда буд, 26 билет фурӯхта буданд. Баъди амалӣ нашудани парвоз, ширкати ҳавопаймоӣ ба қисмате аз мусофирон пулҳояшонро баргардонида буд.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуда буд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе – Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

Дар навбати худ ширкати «Сомон Эйр» низ дар маълумоти дар ин робита интишоркардааш қайд кард, ки баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкат гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ӯзбекистон саривақт ирсол нашудаанд, – омадааст дар иттилоия. – Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.