Қадрдонии корманди милитсияи дар Варзоб ҳалокшуда баъд аз марг

Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар маҳфили ёдбуд Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, падару модари шодравон Саюмарс Гулмадов ва ҳайати […]

Дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба гиромидошти хотираи корманди ҷонфидои мақомоти корҳои дохилӣ старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар маҳфили ёдбуд Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, падару модари шодравон Саюмарс Гулмадов ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок доштанд.

Корнамоӣ ва ҷасорату мардонагии старшинаи милитсия Саюмарс Гулмадов дар он лаҳзаҳои душвор ба нафароне, ки ба кӯмаку дастгирии дигарон ниёз доштанд, беҳтарин нишони олии садоқат ба кору вазифа, эҳтиром ба касб, ба ҳаёт ва саломатии онҳо ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар якчанд соли охир дар мушкилтарин лаҳзаву соатҳо, алалхусус ҳолатҳои фавқулодда, дар рафъи ҳодисаҳои табиӣ аз қабили сухтор, фаромадани тарма, обхезӣ, ки дар фаслҳои зимиситону баҳор барои мардум мушкилиро пеш меоранд, бо мардум буданд, ҳастанд ва мемонанд.

Онҳо дар баробари ҳифзи молу ашё ва дороии шаҳрвандон, ҷони худро ба хатар гузошта, ҳаёти дигаронро аз марг наҷот доданд.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гулмадов Саюмарс Аскарович пас аз марг бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуда, Қаҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович мукофоти давлатиро ба падари Саюмарс – Аскар Гулмадов супорид.

Ҳамчунин, барои зоҳир намудани ҷасурию далерӣ, матонату шуҷоат ва ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон корманди Шӯъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб сержанти калон Алишер Раҳимзода бо мукофоти давлатӣ – медали «Ҷасорат» қадршиносӣ гардид.

Дар идомаи маҳфили ёдбуд бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хизмати содиқона ба Ватан, садоқат ба савганд, ҷоннисоркунӣ баҳри манфиатҳои шаҳрвандон ва кӯмаки амалӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни бартарафкунии оқибатҳои лағжиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд падару модари марҳум Саюмарс бо Раҳматнома аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.