«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Пекин барқарор кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе барқарор мекунад.

«Парвозҳо тариқи хатсайри мустақим аз Душанбе ба Пекин барои мусофирони мо имконоти иловагӣ фароҳам оварда, корҳои тиҷоратии онҳоро беҳтар мекунанд ва ба таҳкими робитаҳои ду кишвар мусоидат намуда, барои сайру саёҳат низ шароитҳои мусоид муҳайё месозанд», – иттилоъ дод дар ин робита котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Парвози нахусти ҳавопаймо ба самти Пекин имрӯз соати 16:40 дар назар аст. Ҳавопаймо соати 07:10-и субҳ ба Душанбе фуруд омада, давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз ҳарду самт айни замон 1 ҳазору 748 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» соли гузашта муддати ҳамагӣ се моҳ парвозҳоро ба Пекин анҷом медоданд, лекин бинобар сабаби камии мусофирон ба ин хатсайр, лозим омад, ки он муваққатан боздошта шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...