«Тоҷик Эйр» парвозҳоро ба Пекин барқарор кард

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе барқарор мекунад. «Парвозҳо тариқи хатсайри мустақим аз Душанбе ба Пекин барои мусофирони мо имконоти иловагӣ фароҳам оварда, корҳои тиҷоратии онҳоро беҳтар мекунанд ва ба таҳкими робитаҳои ду кишвар мусоидат намуда, барои сайру саёҳат низ шароитҳои мусоид муҳайё месозанд», – иттилоъ дод […]

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе барқарор мекунад.

«Парвозҳо тариқи хатсайри мустақим аз Душанбе ба Пекин барои мусофирони мо имконоти иловагӣ фароҳам оварда, корҳои тиҷоратии онҳоро беҳтар мекунанд ва ба таҳкими робитаҳои ду кишвар мусоидат намуда, барои сайру саёҳат низ шароитҳои мусоид муҳайё месозанд», – иттилоъ дод дар ин робита котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Парвози нахусти ҳавопаймо ба самти Пекин имрӯз соати 16:40 дар назар аст. Ҳавопаймо соати 07:10-и субҳ ба Душанбе фуруд омада, давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз ҳарду самт айни замон 1 ҳазору 748 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» соли гузашта муддати ҳамагӣ се моҳ парвозҳоро ба Пекин анҷом медоданд, лекин бинобар сабаби камии мусофирон ба ин хатсайр, лозим омад, ки он муваққатан боздошта шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.