Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро сабуктар карданианд

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳия намудаанд. Дар тағйироту иловаҳо онҳо пешниҳод кардаанд, ки мавсими тобистон ба аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки расму оинҳоро аз соати 6-и субҳ […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳия намудаанд.

Дар тағйироту иловаҳо онҳо пешниҳод кардаанд, ки мавсими тобистон ба аҳолӣ иҷозат дода шавад, ки расму оинҳоро аз соати 6-и субҳ то 23-и шаб баргузор кунанд. Айни замон расму оинҳоро рӯзҳои истироҳат аз соати 8 ва рӯзҳои корӣ аз соати 18 то 23 метавон баргузор кард.

Пешниҳодҳои худро вакилон бо он асоснок кардаанд, ки мавсими тобистон вақте ки рӯзҳо дарозанд, расму оинҳоро метавон дар салқинии ҳаво барвақттар барпо кард, ки дар ин ҳолат ҳам барои меҳмонону ҳам барои соҳибони маърака барои корҳои дигар вақти зиёдтар мемонад.

Мувофиқи қонуни зикршуда, барои баргузор кардани ҳама гуна маърака ва расму оинҳои миллӣ на бештар аз се соат вақт муқаррар шудааст.

Ғайр аз ин, вакилон пешниҳод кардаанд, ки шумори иштирокчиёни маъракаҳое чун «домодталбон» ва «арӯсбинон» аз 15 то ба 20 нафар зиёд карда шавад. Айни замон ин маъракаҳо ихтиёрӣ бо аҳли оила дар ҳузури то 15 нафар гузаронида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.