Оғози парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 25 феврал ба иљрои хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе шурўъ намуд. Дар ин бора котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки сабаби асосии муваққатан манъ намудани парвозҳои доимӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ гузаронидани корҳои хизматрасониҳои техникӣ  дар ҳавопаймои АН – […]

Ширкати ватании ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» аз санаи 25 феврал ба иљрои хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанбе шурўъ намуд.

Дар ин бора котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дода, зикр кард, ки сабаби асосии муваққатан манъ намудани парвозҳои доимӣ дар хатсайри Душанбе – Хоруғ гузаронидани корҳои хизматрасониҳои техникӣ  дар ҳавопаймои АН – 28 мебошад.

«Айни ҳол талаботи ҷомеаро ба инобат гирифта, мо омода ҳастем, ки парвозҳоро дар ин самт ба таври мунтаззам бо истифодаи чархболи МИ–8  ба роҳ монем.  Ин чархбол дар шароити мувофиқати обуҳаво ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст. Арзиши билет 615 сомонӣ буда, бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки шуморашон аз ҳавопаймои АН-28 зиёдтар мебошад», – изҳор намуд Азиз Хайруллоев.

Маълумотнома: Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаъолияташро бо мақсади  интиқоли мусофирон, бору бағоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоҳо ба роҳ мондааст.

Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим  ва иттилои ошкор иборат аст.  Фарохии  масоҳати парвоз, таъмини амният, эҳтимодият ва ҳузуру ҳаловат вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошад. Имрӯз дар  ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500   мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд.

Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ),  Эрон (Теҳрон), Қазақистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федератсияи Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои  дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Хоруғ  ва вилояти Суғд ба  Хуҷанд низ ба роҳ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.