Кумаки Русия ба осебдидагон аз тармаҳо дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои кумак ба осебдидагон аз тармафароиҳо дар Тоҷикистон як ҳавопаймо бо кумаки башардӯстона фиристод. Хабаргузории РИА «Новости» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кумак бо дастури президенти Русия Владимир Путин фиристода шудааст, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. «Аз фурудгоҳи «Раменское»-и вилояти Маскав ҳавопаймои боркаши Ил-76-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия барои кумак ба осебдидагон аз тармафароиҳо дар Тоҷикистон як ҳавопаймо бо кумаки башардӯстона фиристод.

Хабаргузории РИА «Новости» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки кумак бо дастури президенти Русия Владимир Путин фиристода шудааст, ки ба наздикӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

«Аз фурудгоҳи «Раменское»-и вилояти Маскав ҳавопаймои боркаши Ил-76-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо наздики 40 тонна бори кумаки башардӯстона ба Душанбе раҳсипор шуд», – иброз доштааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, бо ин ҳавопаймо хаймаҳо, кӯрпаву рӯйпӯш ва ҳамчунин нерӯгоҳи барқии сайёр ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз 15 то 20 феврал дар Тоҷикистон 80 ҳодисаи тармафароӣ бо баландии то 15 метр ба қайд гирифта шуда, талафоти ҷонӣ низ ҷой дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.