Эмомалӣ Раҳмон: Русия дар ҳамаи соҳаҳо шарики стратегии Тоҷикистон буд ва мемонад

Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ҳамчун кафили иҷрои созишномаи сулҳ Россия дар раванди барқарорсозии сулҳ ва ризоят дар Тоҷикистон нақши муҳим бозида, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими истиқлолияти миллии он саҳми назаррас гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, муколамаи дар сатҳи олӣ доиргардида бори дигар «дараҷаи олии эътимоди сиёсии тарафайнро, ки мо хеле қадр мекунем, собит намуд».

«Мо ба он розием, ки барои минбаъд мукаммал намудани онҳо иқтидори калони истифоданашуда мавҷуд аст, – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон. – Барои идомаи муколамаи доимии сиёсӣ ҳавасмандии дуҷониба изҳор гардид, ки ба беҳсозии ҳамгироии мо дар тамоми самтҳо мусоидат мекунад».

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки барои такмили робитаҳои иқтисодии кишварҳо вусъат додани ҳудуди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистону Россия ва таҳкими робитаҳои дар ин соҳа мавҷуд аҳамияти бузург дорад.

Ҷонибҳо ҳамчунин омодагиро барои идомаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои басо муҳими иқтисодӣ, ба мисли кишоварзӣ, нассоҷӣ ва саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бо шумули нафту газ тасдиқ намуда, омодагӣ ба кори муштарак дар афзудани истеҳсолот ва интиқоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ба бозорҳои Россия таъкид гардид.

Дар робита ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки «мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Россия дастгирӣ меёбанд».

Дар вохӯрӣ муҳимияти фароҳам овардани шароити мусоид барои қонеъ гардонидани таваҷҷуҳи рӯзафзуни шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии таҳсилот ба забони русӣ таъкид гардид.

«Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон филиалҳои 3 муассисаи олии Россия фаъолият мекунанд ва дар муассисаҳои олии Россия бошад қариб 20 ҳазор шаҳрвандони мо, аз ҷумла тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Россия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон. – Мо аз Ҳукумати Федератсияи Россия дар мавриди қарор оид ба зиёд кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар ин соли хониш сипосгузорем».

Талошҳои муштарак доир ба рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ, пеш аз ҳама бо роҳи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири таҳкими имконияти мудофиавии кишвари мо ва таъмини амнияти минтақавӣ таъкид карда шуданд.

«Дар фарҷом мехостам ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович барои сарфароз гардонидан бо мукофоти олии давлатии Федератсияи Россия – Ордени Александр Невский миннатдории самимии худро изҳор намоям, – гуфт Пешвои миллат. – Ин мукофотро ман, пеш аз хама, ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Россияи бародар арзёбӣ мекунам».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...