Коршинос: робитаи бофтаи Русия бо толибон ба нафъи ҳама аст, ба ҷуз Русия

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни кори як мизи гирд доир ба масоили Афғонистон дар Душанбе Павел Зарифулин, директори Маркази Лев Гумилёви Русия изҳор дошт, ки Русия ҳаракати «Толибон»-ро эътироф карданӣ нест, вале агар онҳо ба гуфтушунид бо Кобули расмӣ оғоз кунанд, омода аст, ки толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ихроҷ намояд.

«Робитаи ба истилоҳ Русия бо «Толибон», ки аз ҷониби сиёсатмадорони Ғарб бофта шудааст, ба ҷуз худи Русия, дигар барои ҳама нафъовар аст, – гуфт Зарифулин. – Ин ба нафъи ҳамон Ғарбу Кобули расмӣ аст, то ки минбаъд барои мубориза бо толибон кумак дастрас кунанд».

Ба қавли ӯ, дар муқоиса бо созмони «Давлати исломӣ» имрӯз толибон ба қаламрави кишварҳои дигар дастдарозӣ намекунанд.

«Агар толибон аз муборизаи мусаллаҳона даст кашида, бо Кобули расмӣ ба гуфтушунид пардозанд, Маскав метавонад ҳаракати «Толибон»-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кунад», – илова кард роҳбари маркази таҳлилии Маскав.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.