Маблағгузории 96 млн. доллар ба марҳилаи аввали сохтмони роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеъи Фахробод оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” муаррифӣ гардида, иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1 – уми азнавсозии […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, боздиди кории Сарвари давлат аз мавзеъи Фахробод оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” муаррифӣ гардида, иттилоъ доданд, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1 – уми азнавсозии ин роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.

Фармоишгар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мебошад. Тибқи нақша дар рафти азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Президенти мамлакат ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур дод, ки дар вақти таҳияи лоиҳа ва татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Дастури дигар ҳангоми иҷрои корҳо инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ дода шуд.

Шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ҷамоати Фахробод мегузарад ва дар ду тарафи шоҳроҳ боғҳои Хоҷагии фермерии Асадулло доман паҳн кардааст. Бинобар зарурати авнавсозии роҳи мазкур як қисми боғоти хоҷагӣ дар нақшаи сохтмон меафтад, аз ин рӯ роҳбарияти хоҷагӣ тасмим гирифтанд, ки бештар аз 4 ҳазор адад ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, аз қабили бодом, писта, арча, ар-ар, каштан, сосна, мажевелник ва дубро ба боғҳои пойтахти кишвар шаҳри Душанбе тақдим намоянд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ ба Хоҷагии фермерии Асадулло ташриф оварда, бо Рустами Эмомалӣ ва коргарони ин хоҷагии намунавӣ ҳамчун рамзи баҳору наврӯз дарахт шинониданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”, ки соли 2016 дар майдони 160 гектар бунёд шуда буд, сурат гирифта, дар 6 гектар 3000 адад ниҳоли олу шинонида шуд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо коргарону мутахассисони ин хоҷагии пешқадам суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва идҳои баҳорӣ табрик намуданд.

Бино ба таъкиди Сарвари давлат бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020” амалӣ шуда, ин тадбир яке аз роҳҳои асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои асосию стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин роҳ мусоидат ба беҳдошти сатҳи иқтисодию иҷтимоии зиндагии аҳолӣ мебошад.

Тавре маълум гардид, имсол меҳнаткашони Хоҷагии фермерии “Асадулло” нақша доранд, дар майдони 200 гектар боғи нав бунёд карда, дар 100 гектари он барои содирот олу шинонанд. Айни ҳол хоҷагӣ дар ихтиёри худ беш аз 2000 гектар замини боғи дарахтони гуногун дорад, ки ҳосили аксари он ба содирот нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.