Садҳо тоҷикистонӣ дар марзи Лаҳистон дармондаанд

Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон дар умури ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки Варшава ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон паноҳандагӣ надод. Садҳо тоҷикистонӣ дар сарҳади ин давлати аврупоӣ дармондаанд. Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Даниэл Витко, ҳуқуқшиноси Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон гуфтааст, бисёре аз паноҳҷӯён виза надоранд ва ба ин хотир маҷбуранд, моҳҳо дар марз мунтазир истанд.  "Ман […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон дар умури ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки Варшава ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон паноҳандагӣ надод. Садҳо тоҷикистонӣ дар сарҳади ин давлати аврупоӣ дармондаанд.

Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Даниэл Витко, ҳуқуқшиноси Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон гуфтааст, бисёре аз паноҳҷӯён виза надоранд ва ба ин хотир маҷбуранд, моҳҳо дар марз мунтазир истанд.

 "Ман як шаҳрванди Тоҷикистонро медонам, ки ҳамроҳ бо хонаводааш се моҳ дар марзи Украинаву Лаҳистон мунтазири вуруд аст. Дар шиносномаҳои онҳо ҷои холӣ барои муҳр намондааст ва онҳо ба Украина ҳам баргашта наметавонанд", – иброз доштааст Витко.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, шумори тоҷиконе, ки мехоҳанд тариқи Лаҳистон вориди Аврупо шаванд, дақиқ нест. Аммо онҳое, ки вориди Лаҳистон шудаанд, мегӯянд, танҳо дар марзи Белорус бо Лаҳистон аз 100 то 200 паноҳҷӯй аз Тоҷикистон дармондаанд.

Созмони Human Rights Watch (HRW) низ аз вазъи паноҳандаҳои тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Лаҳистон одатан вайрон кардани ҳуқуқи инсонро нодида мегирад ва паноҳҷӯёнро дубора ба Белорус мефиристад.

Тибқи иттилои Хадамоти кор бо шаҳрвандони хориҷии вазорати корҳои дохилии Лаҳистон, ки тобистони соли гузашта нашр шуд, наздики 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар паноҳандагӣ хостаанд. Аз ин шумор ҳамагӣ шаш нафар расман соҳиби мақоми паноҳанда шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон масоили паноҳҷӯёнро низ таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳои кишвар дифоъ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти Лаҳистон, соли 2016, 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд вале аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.