Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолзанони ҷумҳурӣ мулоқот карда, онҳоро бо фарорасии ҷашни Рӯзи модарон табрик мегӯяд. Вохӯрӣ дар маҷмааи «Кохи Борбад» доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Ба муносибати ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модарон Ширкати телевизиону радиои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе аз соати 9:00 то 12:00 аксия баргузор мекунад. Дар ҷараёни баргузории аксия ду нуқта дар шаҳр интихоб хоҳад шуд, ки дар он ҷойҳо кормандони БДА автомашинаҳои сари чанбаракаш занон қарордоштаро боздошт ва барои онҳо шеъру тарона хонда, гулдаставу туҳфа тақдим мекунанд;

– Дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе соати 10:00 парвандаи сарбози ҳалокшуда Ҷаҳонгир Қурбонов баррасӣ мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.0049 сомонӣ;

1 евро – 8.4700 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1370 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1876 — Александр Белл барои ихтирои телефон патент гирифт.

1904 – Зодрӯзи наворбардор ва коргардони кино, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Василий Кузин.

1922 – Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Зулфия Баҳриддинова.

1938 – Зодрӯзи доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯра Латифов.

1952 – Мавлуди арбоби давлатӣ Назарбегим Муборакшоева, аз соли 2000 то соли 2004 – муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -1+4.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -25-30, рӯзона -10-15.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +14+19; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона +1+6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +12+14.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона 0+2.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...