Барои имтиҳонсупорӣ акнун аз довталабон изи ангушт мегиранд

Радиои Озодӣ

Маркази миллии тестӣ – масъули баргузории имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон – барои нахустин бор гирифтани изи ангушти довталабонро ҷорӣ кардааст.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ бо тасдиқи ин хабар ба ба Радиои Озодӣ гуфтааст "дар вақти сабтиноми довталабон изи ангушти онҳо гирифта мешавад, то ба ҷояшон каси дигар ворид нашавад. Танҳо дар сурати мувофиқ омадани изи ангушти довталаб ба ӯ ҳаққи ворид шудан ба имтиҳонҳо дода хоҳад шуд."

Ин масъули Маркази миллии тестӣ изҳор намудааст, ки дар гузашта таҷриба нишон додааст, ки баъзе довталабон ба ҷойи худ бародару хоҳарашонро ба имтиҳонҳо фиристодаанд, то холи зиёдтар бигиранд.

«Он вақт низ аз чунин талошҳо пешгирӣ шуда буд, аммо каме бо мушкилӣ. Акнун бо гирифтани изи ангушт ин кор ҷиддӣ ва осонтар шудааст. Дигар довталабон наметавонанд, касеро фиреб кунанд, чун ҳамааш мисли оина рӯшан аст», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, бо манзури гирифтани изи ангушти довталабон Маркази милли тестӣ аз хориҷ дастгоҳҳо (сканерҳо)-ро ворид кардааст. Ин дастгоҳҳо дар тамоми 33 нуқтаи сабтиноми доимоамалкунанда ва 21 нуқтаи сайёр насб шудаанд. "Сабтиноми довталабон аз 1 марти соли равон шуруъ шуда, даври аввали он то 15 апрел идома мекунад", – гуфт Ситорабону Назарова.

Зимнан зикр мегардад, ки имсол маблағи сабтиноми довталабон 20 сомонӣ афзоиш ёфта, ба 220 сомонӣ баробар шудааст. Довталабоне, ки яке аз волидонашон вафот кардааст, 50 дарсади ин пулро пардохт хоҳанд кард. Ятимони кулл аз пардохти маблағ пурра озод шудаанд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...