Пайвасти 1,5 ҳазор биноҳои баландошёна ба шабакаи гармидиҳӣ дар соли оянда

Дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо иштироки масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ ва соҳаи истихроҷу интиқол, нигоҳдорию истифодабарии ангишт ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар оғози ҷаласа муовини Сарвазир таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар […]

АМИТ «Ховар»

Дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо иштироки масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ ва соҳаи истихроҷу интиқол, нигоҳдорию истифодабарии ангишт ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар оғози ҷаласа муовини Сарвазир таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимистони соли 2017-2018 ба шабакаҳои гармидиҳии мавҷуда пайвастшавии зиёда аз 1500 адад биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи  ҳисобҳои пешакӣ талаботи воқеии иқтисоди кишвар бо шумули корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангишт дар соли 2017 зиёда аз 1,8 млн. тоннаро ташкил мекунад.

Мутаасифона иҷрои Нақшаи интиқоли ангишт барои моҳи марти соли ҷорӣ, ки 59 ҳазор тонна мебошад, комилан ба талабот ҷавобгӯй нест ва масъулини соҳа вазифадор мебошанд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷиҳати тағйир додани ҳолат чораҳои тахассуси андешанд. Ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши қатъӣ дода шуд, ки нақшаи интиқоли ангиштро тавассути вобаста кардани мошинҳо ба конҳо дар муҳлати пешбинишуда таъмин намоянд, зеро вақт интизор намешавад.

Мутобиқи маълумоти Вазири саноат ва технологияҳои нав, айни замон аз ҷониби субъектҳои соҳа 201 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки истихроҷи ангиштро дар ҳаҷми пешбинишуда саривақт таъмин  менамоянд.

Муовини Сарвазир  бори дигар ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ хотиррасон намуд, ки  субъектҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда ба роҳ монанд, илова бар ин вақти он расидааст, ки онҳо тарзи саноатии истихроҷи ангиштро марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд, зеро бо чунин тарз истихроҷ намудани ангишт, дар ниҳоят метавонад, оқибатҳои рафънопазир дошта бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.