Боздошти аз байн бурдани таърихи Душанбе имкон дорад?

Дар пойтахти Тоҷикистон марҳилаи навбатии кӯчонидани биноҳои таърихӣ оғоз гардид: ба наздикӣ бинои мақомоти шаҳрдорӣ ва баъди он бинои Вазорати кишоварзӣ кӯчонида мешаванд. Ба назар мерасад, ки ин масъала кайҳо ҳаллу фасл шуда, лекин бисёре аз одамон аз раиси шаҳри Душанбе умедворие доранд. Кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар пойтахт чанд сол пеш шурӯъ гардид. Нахуст бинои […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон марҳилаи навбатии кӯчонидани биноҳои таърихӣ оғоз гардид: ба наздикӣ бинои мақомоти шаҳрдорӣ ва баъди он бинои Вазорати кишоварзӣ кӯчонида мешаванд. Ба назар мерасад, ки ин масъала кайҳо ҳаллу фасл шуда, лекин бисёре аз одамон аз раиси шаҳри Душанбе умедворие доранд.

Кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар пойтахт чанд сол пеш шурӯъ гардид. Нахуст бинои Главпочтамт, сипас Театри Маяковский ва кинотеатри Ҷомӣ кӯчонида шуданд. Ҳарчанд мардум борҳо эътироз карда бошанд ҳам, ҳукуматдорон ба кори худ идома доданд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки барои боқӣ гузоштани қисмати таърихии пойтахт тӯли ин солҳо маъмулан сокинони оддии шаҳр садо баланд мекарданд ва зиёиёни тоҷик, ки мантиқан бояд садои мардум бошанд, дар маърази ом бо ташаббуси худ ба ҳеҷ гунае мавқеи худро изҳор накарданд.

Маълум мешавад, ки онҳо низ доир ба ин масъала мавқеи худро доштаанд. Чанде аз онҳо, масалан адиб Абдуқодири Рустам мавқеи худро чунин зикр кард:

– Аз лиҳози меъморӣ тамоми биноҳои таърихии пойтахт иншооти нодир мебошанд. Чунин иншоот дар паҳнои пасошӯравӣ вуҷуд надорад, зеро онҳо вариантҳои ягона (эксклюзивӣ) мебошанд, ки махсусан барои пойтахти ҷавони тоҷикон таҳияву сохта шудаанд. Ин меросро ба ҳоли худ гузоштан зарур аст. Ман бар ин назарам, ки ҳукуматдорон ҳамту хотираи халқро нест карданианд. Барои наслҳои оянда таърих аз ҳамин замон оғоз мегардад. То ин замон бошад, гӯё, ки чизе набуд…

Бо ақидаи дигар намояндагони зиёиёни тоҷик доир ба ин масъала дар шумораи имрӯза (16 марти соли 2017)-и газетаи «Азия-Плюс» шинос шуда метавонед, ки аллакай дар фурӯш аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.