Дастури президент оид ба таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастрасии комил, саривақтӣ ва бепули аҳолии кишвар ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи таъсис додани портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ қарори ҳукуматро ба имзо расонид. Вазорати адлияи ҷумҳурӣ мақомоти ваколатдор оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти сомонаи мазкур таъин шуда, маблағгузории портал аз ҳисоби буҷети давлатии ҷумҳурӣ амалӣ мешавад. Мувофиқи қарор, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастрасии комил, саривақтӣ ва бепули аҳолии кишвар ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи таъсис додани портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ қарори ҳукуматро ба имзо расонид.

Вазорати адлияи ҷумҳурӣ мақомоти ваколатдор оид ба таъсис ва таъмини фаъолияти сомонаи мазкур таъин шуда, маблағгузории портал аз ҳисоби буҷети давлатии ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи қарор, портали интернетӣ бояд аз 1 аиюли соли равон мавриди истифода қарор гирад.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ду сомонаи интернетӣ амал мекунанд, ки санадҳои ҳуқуқиро нашр мекунанд. Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ дар сомонаи www.mmk.tj тамоми қонуну кодексҳои аз ҷониби парлумон қабулшударо дар сомонаи худ ҷой медиҳад.

Дар сомонаи Вазорати адлия – www.adlia.tj тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо шумули қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои президент дарҷ шудаанд, вале дастрасӣ ба матнҳои пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.