Мақоми дуюми тоҷикдухтар дар озмуни зебоии Чин

Аз 1 то 15 март дар Чин озмуни зебоӣ ва истеъдоди «Miss Oriental Tourism Pageant 2017» баргузор шуд, ки аз 60 кишвари ҷаҳон иштирокчиёни синни аз 18 то 26-соларо гирдиҳам овард. Тоҷикистонро дар ин озмуни модели 18-солаи агентии «Новая Эра» Ёсуман Холова намояндагӣ карда, баъди намояндаи Португалия Ана Коаудия Орнелас Бомфим (Ana Claudia Ornelas Bomfim) […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Аз 1 то 15 март дар Чин озмуни зебоӣ ва истеъдоди «Miss Oriental Tourism Pageant 2017» баргузор шуд, ки аз 60 кишвари ҷаҳон иштирокчиёни синни аз 18 то 26-соларо гирдиҳам овард.

Тоҷикистонро дар ин озмуни модели 18-солаи агентии «Новая Эра» Ёсуман Холова намояндагӣ карда, баъди намояндаи Португалия Ана Коаудия Орнелас Бомфим (Ana Claudia Ornelas Bomfim) зинаи дуюмро ишғол намуд.

Боз ба як мақоми дигари ноибии маликаи озмун намояндаи Чин Лия Юан Ян (Li Yuan Yan) соҳиб шуд.

Барномаи озмун аз намоиши сарулибоси миллии иштирокчиён, либосҳои миллии Чин, сарулибоси шомгоҳон, озмунҳои истеъдод ва мусоҳиба иборат буд. Ғайр аз ин, намояндагони кишварҳо дар маросимҳои аксбардорӣ ва сайругашт дар музофотҳои Чин низ иштирок карданд.

«Ифтихор дорам, ки дар 18-солагиам ба чунин комёбӣ ноил гардида, миёни намояндагони 60 кишвари дунё дар озмун зинаи дуюмро ишғол кардам! Ифтихор дорам, ки Ватани худ – Тоҷикистонро ба таври шоиста намояндагӣ кардам! Ба волидонам ва устодам Нисо Қаюмова барои дастгирӣ ва бовариашон минннатдорӣ изҳор мекунам! Тоҷикистон ба пеш!», – навиштааст дар Инстраграмми худ модели ҷавони тоҷик.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Ёсуман Холова дар фестивали моделҳо ва дизайнерони Pierre Cardin (Остона) ба касби мақоми сеюм ва дар озмуни Miss Fashion House International-2016 ба Шоҳҷоиза сазовор гардида буд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.