БМТ рӯйхати афроди гумонбар ба терроризмро нашр кард

Бонки миллии  Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсони воқеии аз ҷониби ҳукумати кишвар алоқаманд бо терроризм, рӯйхати созмонҳои аз ҷониби Суди олии ҷумҳурӣ террористӣ ва ифротгаро эхтирофшуда ва рӯйхати тоҷикистониёни аз тарафи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба нашр расонид. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, БМТ бо нашри номи беш аз 200 нафари таҳти пайгард […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Бонки миллии  Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсони воқеии аз ҷониби ҳукумати кишвар алоқаманд бо терроризм, рӯйхати созмонҳои аз ҷониби Суди олии ҷумҳурӣ террористӣ ва ифротгаро эхтирофшуда ва рӯйхати тоҷикистониёни аз тарафи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба нашр расонид.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, БМТ бо нашри номи беш аз 200 нафари таҳти пайгард ва 15 созмон, ки аз тарафи Додгоҳи олии кишвар "террористӣ" ва "экстремистӣ" эълон шудаанд, хостааст, то сокинон ва созмонҳои молии кишварҳои ҷаҳон ҳамагуна ҳамкории молии худро бо онҳо қатъ кунанд.

Гуфта мешавад, Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Толибон”, "Давлати исломӣ", "Ал-Қоида", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" ва шахсоне, ки ба интиқоли маводи мухаддир, силоҳу қочоқӣ инсон айбдоранд, шомили ин рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки миллии кишвар шудаанд.

Як мақоми Бонки миллӣ гуфтааст, ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Financial Action Task Force – ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.

“Кишварҳое, ки бо мо ҳамкории пуливу молӣ доранд, бояд ҳисобҳои Ҳизби наҳзат, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони Озод”-ро бар асоси ин руйхат бибанданд. Душанбе низ дар навбати худ интиқоли пул аз афродеро, ки бо терроризм пайванд доранд ва узви созмонҳое мисли ДИ ҳастанд, ҷилавгирӣ мекунад", – қайд кардааст ӯ.

Зикр мегардад, ки моҳи январи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазор рӯйхати амалиёти шубҳанокро барои тафтиш ба Додситонии кулли кишвар ирсол кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.