Роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа «интизор»-и вакилони парлумон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корҳои беҳбуди вазъи роҳи мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа баъди аз ҷониби парлумон маъқул шуморидани кумаки Бонки осиёгии рушд (БОР) оғоз мегарданд. Палатаи поёнии парлумон бояд созишномаи молиявии қаблан миёни ҳукумати Тоҷикистон ва БОР баимзорасидаро тасдиқ намояд.

Ҳанӯз аввали моҳи ноябри соли гузашта БОР ҷудо кардани 65,2 млн. доллари ИМА қарз ва грант ба Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи роҳ байни Душанбе ва Қӯрғонтеппаро маъқул донист.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа вазъи ҳудуди 33 километр роҳ аз Душанбе то Чашмасорон беҳтар карда шуда, роҳ то чор хати ҳаракат васеъ, рӯйпӯши роҳ беҳтар ва дар тамоми фосилаи роҳ аломату воситаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ насб мегарданд.

Аммо корҳои бевоситаи амалисозии лоиҳа то ҳол шурӯъ нашудааст, зеро санади молиявии имзошударо бояд парлумони Тоҷикистон тасдиқ кунад.

«Барои сарфаи вақт мо баъзе корҳои пешакӣ оид ба бастани қарордодҳоро оғоз намуда, тендер эълон шуд, – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон. – Баъди аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани созишнома, паймонкор ва мушвири лоиҳа интихоб мешаванд».

Дар намояндагӣ бар ин назаранд, ки ин ҷо ҳеҷ мушкилоте вуҷуд надошта, бо тасдиқи созишнома амалисозии лоиҳа ба гумони ғолиб соли равон шурӯъ мешавад.

Мутахассисони БОР чунин мешуморанд, ки беҳбуди вазъи ин роҳ ба ташкили долони иқтисодӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат менамояд, зеро ин роҳ қисмате аз роҳи стратегӣ миёни минтақаҳои шимолу ҷануби кишвар, яке аз роҳи бештар мавриди истифода қарордошта ва қисмате аз долонҳои 2, 5 ва 6-и барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) мебошад.

Маблағгузории БОР аз 49,4 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва 15,8 млн. доллари ИМа грант иборат буда, ҳамчунин БОР маблағгузорӣ ба грант дар ҳаҷми 2 млн. доллари ИМА аз Фонди бисёрҷонибаи энергияи тоза дар доираи Барномаи шарикӣ оид ба маблағгузории энергияи тозаро ба дӯш мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории шарикӣ дар ҳаҷми 17,2 млн. доллари ИМА-ро пешниҳод намуда, Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) ба маблағи 112 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрокунандаи лоиҳа аст. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Аввали моҳи марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварда, дар ин ҷо ба Пешвои миллат лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” муаррифӣ гардид. Зикр гардид, ки тибқи лоиҳа марҳилаи 1 – уми азнавсозии ин роҳ, ки 33, 2 километрро ташкил медиҳад, бо харҷи 96 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзи Бонки Осиёии Рушд бояд бунёд шавад.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...