Ба «Народная газета» сармуҳаррири нав таъин шуд

Бо қарори ҳукумат Маҳбуба Камолова срмуҳаррири нашрияи «Народная газета»-и ҳукумат таъин шуд. Аз нимаи дуюми соли гузашта ин мансаб холӣ буда, сармуҳарири пешинаи он Сироҷиддин Иззатуллоев буд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои дигари ҳукумат Мадамон Замонзода сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои […]

Asia-Plus

Бо қарори ҳукумат Маҳбуба Камолова срмуҳаррири нашрияи «Народная газета»-и ҳукумат таъин шуд. Аз нимаи дуюми соли гузашта ин мансаб холӣ буда, сармуҳарири пешинаи он Сироҷиддин Иззатуллоев буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои дигари ҳукумат Мадамон Замонзода сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ таъин шуда, Ҳикмат Муминов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуд.

Шумораи нахустини газетаи «Советский Таджикистан» бахшида ба ҷашни Иниқилоби Октябр 7 ноябри соли 1925 ба нашр расида, лекин мутаассифона, то имрӯз ягон шумораи он боқӣ намондааст.

Соли 1930 газетаи «Советский Таджикистан» ба «Коммунист Таджикистана» табдили ном карда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, замоне, ки аксари рӯзноманигорон ва кормандони идораи рӯзнома ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд, бинобар сабаби камбуди коғаз, он ҳамроҳ бо рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» чоп мешуд.

Замони ба соҳибистиқлолӣ расидани ҷумҳурӣ, 9 сентябри соли 1991 рӯзнома «Народная газета» ном гирифта, танҳо бо забони русӣ нашр мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.