Президент вазири обу энергетика ва мудофиаи Покистонро ба ҳузур пазируфт

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии обу энергетика ва мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Асифро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунсамти давлатҳо, ки имсол аз барпо шудани муносибатҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, самараи он дар рушди ҳамкории кишварҳо дар соҳаҳои энергетика ва амниятӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.

Ҷонибҳо ба натиҷаи ҳамкории муштараки сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавию хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амниятии минтақа, бахусус терроризм ва ифротгароӣ, баҳои арзанда доданд.

Ҳамкории низомию техникии ду кишвар, бахусус тақдими кумакҳои техникӣ ба Тоҷикистон бароии мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади давлатӣ муҳиму назаррас маънидод гардид.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои дорои аҳамияти минтақавӣ – энергетика, соҳаи нафту газ, истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ баррасӣ гардида, фаъолгардонии Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба масъалаҳои энергетика ва инфрасохтор ва фаъолияти самарабахши Зергуруҳи муштараки он оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ дар самти татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла амалигардонии барномаи КАСА-1000 барои ҳарду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карда шуд.  

Пешниҳод гардид, ки барои зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи мол миёни кишварҳо, бо дарназардошти зарфиятҳои бузурге дар ин самт, аз фаъолияти ҳадафманду босифати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ истифода карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио