Саҳҳомон тақдири минбаъдаи «Тоҷиксодиротбонк»-ро муайян мекунанд

Саҳҳомони «Тоҷиксодиротбонк» натиҷаҳои кор ва фаъолияти минбаъдаи бонкро баррасӣ мекунанд. Санаи 29 апрел маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк доир мегардад. Мувофиқи қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», саҳҳомон аз фаъолияти бонк дар соли 2016 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда, ҳамчунин ҳисоботи аудитории бонк аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта пешниҳод мегардад. Саҳҳомон тавозуни бонк, ҳисобот […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Саҳҳомони «Тоҷиксодиротбонк» натиҷаҳои кор ва фаъолияти минбаъдаи бонкро баррасӣ мекунанд. Санаи 29 апрел маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк доир мегардад.

Мувофиқи қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», саҳҳомон аз фаъолияти бонк дар соли 2016 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда, ҳамчунин ҳисоботи аудитории бонк аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта пешниҳод мегардад.

Саҳҳомон тавозуни бонк, ҳисобот дар бораи даромаду зиён дар соли 2016, аудитори беруна ва ҳаҷми пардохти маблағ ба аудиторро тасдиқ мекунанд. Ҳамчунин ворид намудани тағйироту илова ба оинномаи бонк низ дар назар аст.

«Тоҷиксодиротбонк» аз аввали соли гузашта ба мушкилот дучор шуд. Моҳи май ба Бонки миллӣ лозим омад, ки дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда, моҳи август амали онро боз ба муҳлати се моҳ дароз намояд. Моҳи декабр раҳбарияти пешина ба бонк баргардонида шуд.

Охири сол ҳукумат ба «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок ҷудо кард. Бонки миллиро вазифадор карданд, ки дар сурати зарурат ба ивази ин коғазҳо ба «Тоҷиксодиротбонк» воситаҳои пулӣ диҳад.

Ҳукумат дастур дод, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Бонки миллӣ Нақшаи амал оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии бонк барои давраи солҳои 2017-2019 таҳия карда шавад.

Ҳамчунин ба бонк супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия дар мавриди марҳила ба марҳила дар давоми 5 сол фурӯхтани саҳмияҳои бонк, ки ба ивази коғазҳои давлатӣ пешниҳод шудаанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Айни замон муштариёни «Тоҷиксодиротбонк» ба воситаҳои худ дастрасии маҳдуд доранд: воситаҳои амонатӣ ба саҳмгузорон аз рӯи ҷадвал дар ҳаҷми 200 доллар дар як моҳ дода шуда, пардохти пули нақд тариқи банкоматҳо ба маблағи то 200 сомонӣ дар 1 рӯз амалӣ мешавад. Ҳаҷми лимити харидорӣ тавассути POS-терминалҳо 500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.