Ифтитоҳи намояндагии расмии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» намояндагии расмии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ аз 4 апрел оғоз мегардад.

Намояндаи расмии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз ин ширкат ба кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои ИДМ, аз ҷумла 15 шаҳри Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

«Бо ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбеву Тошканд шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатӣ, сайёҳон ва тоҷирону соҳибкорони машғули кор дар Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки аз хизматгузориҳои мо тавассути транзит ба Тошканд истифода кунанд», – иброз дошт Рӯзимуродов.

Ба қавли номбурда, барои дастрас кардани билетҳои ширкат дар Тоҷикистон онҳо бо ширкати «Антарес» таҳти тамғаи тиҷорати FLY.TJ созишнома баста, нуқтаҳои фурӯши билетҳои ин ширкат дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва тавассути шабакаҳои худ онҳо метавонанд дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ин гуна хизматгузориро ба роҳ монанд.

Ӯ ҳамчунин рақами телефонҳои ин ширкатро пешниҳод намуд, ки оид ба масъалаи харидории билетҳо ба онҳо метавон муроҷиат кард: 992 900 03 70 07; 992 900 55 90 09.

Рӯзимуродов ҳамчунин зикр кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзи сешанбе (соати 9:50) ва рӯзи шанбе (соати (13:40) сурат гирифта, вақти парвоз ҳудуди 1 соатро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи парвози ҳавопаймо ба Тошканд аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»  то ҳанӯз маълум нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...