Ифтитоҳи намояндагии расмии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе

Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» намояндагии расмии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ аз 4 апрел оғоз мегардад. Намояндаи расмии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз ин ширкат ба кишварҳои Аврупо, […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Ширкати миллии ҳавопаймоии Узбекистон – «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» намояндагии расмии худро дар Тоҷикистон боз намуд. Парвозҳои мунтазам тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ӯзбекистонӣ аз 4 апрел оғоз мегардад.

Намояндаи расмии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки имрӯз ин ширкат ба кишварҳои Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Халиҷи Форс, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, кишварҳои ИДМ, аз ҷумла 15 шаҳри Русия парвозҳо анҷом медиҳад.

«Бо ифтитоҳи хатсайр миёни Душанбеву Тошканд шаҳрвандони Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатӣ, сайёҳон ва тоҷирону соҳибкорони машғули кор дар Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки аз хизматгузориҳои мо тавассути транзит ба Тошканд истифода кунанд», – иброз дошт Рӯзимуродов.

Ба қавли номбурда, барои дастрас кардани билетҳои ширкат дар Тоҷикистон онҳо бо ширкати «Антарес» таҳти тамғаи тиҷорати FLY.TJ созишнома баста, нуқтаҳои фурӯши билетҳои ин ширкат дар пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудаанд ва тавассути шабакаҳои худ онҳо метавонанд дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ин гуна хизматгузориро ба роҳ монанд.

Ӯ ҳамчунин рақами телефонҳои ин ширкатро пешниҳод намуд, ки оид ба масъалаи харидории билетҳо ба онҳо метавон муроҷиат кард: 992 900 03 70 07; 992 900 55 90 09.

Рӯзимуродов ҳамчунин зикр кард, ки парвозҳо аз Душанбе ба Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзи сешанбе (соати 9:50) ва рӯзи шанбе (соати (13:40) сурат гирифта, вақти парвоз ҳудуди 1 соатро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, санаи парвози ҳавопаймо ба Тошканд аз ҷониби ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр»  то ҳанӯз маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио