Собиқ президенти Миср Ҳуснӣ Муборак ба озодӣ баромад

Раиси ҷумҳурии собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак баъди шаш соли боздошту нигаҳдорӣ дар зери назари полис озод шуд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Муборак госпитали низомии наздикиҳои Қоҳираро тарк карда, ба манзилаш дар минтақаи Ҳелиополис баргаштааст. Гуфта мешавад, Ҳуснӣ Муборак соли 2012 барои содир кардани амри қатли эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар соли 2011 ба зиндони абад маҳкум […]

Радиои Озодӣ

Раиси ҷумҳурии собиқи Миср Ҳуснӣ Муборак баъди шаш соли боздошту нигаҳдорӣ дар зери назари полис озод шуд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Муборак госпитали низомии наздикиҳои Қоҳираро тарк карда, ба манзилаш дар минтақаи Ҳелиополис баргаштааст.

Гуфта мешавад, Ҳуснӣ Муборак соли 2012 барои содир кардани амри қатли эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар соли 2011 ба зиндони абад маҳкум шуд. Дар соли 2011 ҳудуди 900 нафар аз эътирозгарони мисрӣ давоми 18 рӯзи тазоҳурот кушта шуданд. Ин эътирозҳо саранҷом ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак анҷомид.

Вале соли 2013 додгоҳи таҷдиди назар бо ишора ба иштибоҳҳои ҷараёни баррасии қазия ин ҳукмро бекор кард. Соли 2015 таҳқиқи дубораи парвандаи президенти собиқ шурӯъ шуд.

Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 ва пас аз 30 соли ҳукумат бар Миср аз қудрат барканор шуд. Барканории ӯ бо баргузории нахустин интихоботи озод ва демократӣ дар он кишвар сабаб шуд, ки Муҳаммад Мурсӣ, аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" ба раёсати ҷумҳурӣ расид. Аммо як сол баъд Муҳаммад Мурсӣ тайи як табаддулоти низомӣ аз сӯи артиш барканор ва баъдан ба ҳукми эъдом маҳкум шуд.

Абдулфаттоҳ Сисӣ, аз генералҳои артиши Миср дар даврони Ҳуснӣ Муборак, пас аз сарнагунии ҳукумати мунтахаби Муҳаммад Мурсӣ, қудратро дар даст гирифт. Ба дунболи ин, ҳазорон ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвонулмуслимин” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд. Садҳо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мавриди таъқиб қарор гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио