Ҳамкории «зиёновар»-и Тоҷикистону Чин дар истеҳсоли семент

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тайи 8 соли ахир бо кумаки сармоягузорони Чин истеҳсоли семент дар Тоҷикистон қариб 10 маротиба зиёд шуда, Тоҷикистон минбаъд низ ният дорад, ки тавассути таъсиси корхонаҳои нави муштарак бо Чин ҳаҷми истеҳсоли ин навъи масолеҳи сохтмонро зиёдтар кунад.

Агар соли 2009 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 195 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда бошад, пас соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли он ба беш аз 2 млн. тонна расид, ки ҳаҷми рекордӣ дар таърихи кишвар аст. Феълан дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 4,7 млн. тонна длар як сол фаъолият доранд.

Айни замон Тоҷикистон талаботи худро ба семент пурра қонеъ сохта, содироти онро ба кишварҳои ҳамсоя ба роҳ мондаааст ва дар 2 моҳи соли равон беш аз 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он ба хориҷи кишвар фиристода шудааст.

Аз ин дастовардҳо на ҳама хушнуданд. Экологи мустақил бидуни ифшои ному насаб ба «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар робита ба мушкилоти экологӣ солҳои охир Чин корхонаҳои асосии ифлоскунандаи ҳаво, аз ҷумла корхонаҳои сементбарориро ба берун аз ҳудуди кишвараш интиқол медиҳад.

«Тибқи маълумоти оморӣ, дар беш аз 90%-и шаҳрҳои Чин  таркиби маводи зараровар дар ҳаво аз меъёр зиёд буда, соҳибкорони Чинро ба дарёфти кишвари дорои шароити мусоид барои тиҷорати онҳо маҷбур кардаанд ва барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи семент Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин кишварҳои «мусоид» интихоб шудааст, зеро ин ҷо ба ин масолеҳи сохтмон зиёд ниёз доранд, – гуфт ӯ. – Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон қувваи кории арзон вуҷуд дорад, ки ин ҳам барои сармоягузорони Чин қобили қабул аст».

Коршинос бо таассуф зикр кард, ки «возеҳ ба назар мерасад, ки дар бораи оқибатҳои хеле зиёновари тиҷорати семент дар Тоҷикистон касеро коре нест».

Қаблан тирамоҳи соли гузашта коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони «Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад («Китай переносить грязное производство цемента в Таджикистан», China shifts polluting cement to Tajikistan) ин масъаларо мавриди таҳлил қарор дода, зикр карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост.

Дар бораи тағйири ҷараёни партови маводи зараровар аз ҷониби корхонаҳои саноатии танҳо шаҳри Душанбе нигаред ба инфографикаи портали экологии «Ливень».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...