Ивази номи бонки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи Бонки сармоягузории “Конт” дар Тоҷикистон, ки ба миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ мансуб медонанду дар Эрон ба қатл маҳкум шудааст, табдили ном кард. Акнун ин бонк «Бонки Осиё» ном гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), бо қарори Раёсати БМТ ба ҶСП “Бонки Осиё” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Дар БМТ шарҳ доданд, ки дар қарори зикршуда табдили номи бонки «Конт» ба «Бонки Осиё» дар назар дошта шуда, дар мақомоти раҳбарии бонк, сохтор ва ҳайати шахсии он ягон тағйироте сурат намегирад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир Бобаки Занҷонӣ яке аз сармоягузорони бештар мавриди баҳс дар Тоҷикистон қарор гирифт. Ӯро саҳмиядори аввали холдинги «Конт-групп Тоҷикистон» мешуморанд, ки ширкатҳои ҷудогонае чун «Asian Express Terminal», «Конт — Таъминот», «Конт-Турист», «Asian Express Airline» и «Конт-сохтмон»-ро муттаҳид месозад.

Зимни нишасти хабарии аавали соли 2015 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим изҳор намуда буд, ки тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ амволе надорад ва дар маросими ифтитоҳи Asian Express Terminal дар Душанбе на ба сифати сармоягузор, балки меҳмони фахрӣ иштирок кардааст.

Бобаки Занҷонӣ 30-юми декабри соли 2013 дар Эрон боздошт шуд. Ҳукуматдорони Эрон ӯро ба азхудкунии 2 млрд. 60 млн. еврои мутааллиқ ба Вазорати нафти Эрон муттаҳам медонанд.

Моҳи марти соли 2016 суди Эрон Бобаки Занҷониро ба ҳукми қатл маҳкум кард, вале иҷрои ҳукми соҳибкори 42-солаи эронӣ, ки дороиаш 14 млрд. доллар арзёбӣ мешуд, ба таъхир гузошта шуд. Ҳукми Занҷонӣ баъди ба давлат баргардонидани пулҳои дуздидааш ба иҷро расонида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...