Сардори Раёсати БДА аз мансаб барканор шуд

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир гардид. Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид. Қаблан дар ин мансаб генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода кор мекард, ки […]

Asia-Plus

Таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат доир гардид.

Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки то ин вақт дар вазифаи сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ кор мекард, муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.

Қаблан дар ин мансаб генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода кор мекард, ки аввали соли равон сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 гузориш дод.

Гуфта мешавад, сарвари давлат бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукумат ва сохторҳои дахлдорро оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ, аз ҷумла аз ҳозир хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, маводи сӯхт, бунёду истифодаи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маводи ниёзи аввал ҷалб намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои истифодаи самараноки нерӯи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он, фаъолияти пурсамари марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт, пурра ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани иншооти гуногун, ҷоннок кардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ дастуру супоришҳо дод.

Гуфта мешавад, аъзои ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро маъқул шуморида, лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ баррасӣ ва вобаста ба масъалаҳои дигари маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.