Боздошти сокини Ёвон ба гумони қатлу оташзании ҳамсар

Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон пас аз муноқишаи оилавӣ ҳамсари 27-солаашро бераҳмона ба қатл расонид. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  ин мард дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб мегирад ва бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад. «Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш, ҷасади […]

Asia-Plus

Як сокини 38-солаи ноҳияи Ёвон пас аз муноқишаи оилавӣ ҳамсари 27-солаашро бераҳмона ба қатл расонид.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад,  ин мард дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро зери лату кӯб мегирад ва бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат мерасонад.

«Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш, ҷасади ҳамсарашро дар мавзеи заминҳои чарогоҳи деҳаи Навободи ноҳияи Ёвон бо истифодаи сӯзишвории бензин оташ зада, қисми боқимондаи ҷасадро ба дохили халта ҷой карда гӯронидааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зикр мегардад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, номбурда бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.