Рақибони футзалистони ҷавони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2017

Дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок рӯзи 30 март маросими қуръапартоии даври финалии нахустин Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд (футзал) миёни футболбозони синни то 20-сола доир гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил гардид. Гуфта […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок рӯзи 30 март маросими қуръапартоии даври финалии нахустин Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд (футзал) миёни футболбозони синни то 20-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил гардид.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ 21 даста ба чор гурӯҳ – 1-тоаш 6 даста ва боқимонда 5-дастагӣ тақсим шуда, аз рӯи натиҷаи бозӣ дар гурӯҳҳо ду даста ба марҳилаи дигар роҳхат мегиранд, ки аз ин дастаҳо ҷуфтҳои чорякфиналӣ ташкил меёбанд. Минбаъд тибқи низоми олимпӣ дастаҳо аз рӯи натиҷаи бозиҳо хориҷ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2017 оид ба футболи хурд миёни футболбозони синни то 20-сола аз 16 то 26 май дар Бангкок доир мегардад.

Натиҷаҳои қуръапартоии даври финалии Ҷемпионати Осиё-2017 оид ба футзал миёни ҷавонони синни то 20-сола (U-20):

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.