Анҷоми размоиши Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия

Дар машқгоҳи Ҳарбмайдон рӯзи 30 март тамринҳои чоррӯзаи муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон ба анҷом расиданд, ки муддати 4 рӯз дар 7 машқгоҳи низомии ҷануби Тоҷикистон ҷараён доштанд. Дар марҳилаи хотимавии машқҳо хизматчиёнии ҳарбии ҳарду кишвар масъалаҳои дарёфт, ба муҳосира гирифтан ва ҳамкории нерӯҳо барои […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Дар машқгоҳи Ҳарбмайдон рӯзи 30 март тамринҳои чоррӯзаи муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон ба анҷом расиданд, ки муддати 4 рӯз дар 7 машқгоҳи низомии ҷануби Тоҷикистон ҷараён доштанд.

Дар марҳилаи хотимавии машқҳо хизматчиёнии ҳарбии ҳарду кишвар масъалаҳои дарёфт, ба муҳосира гирифтан ва ҳамкории нерӯҳо барои нест кардани гурӯҳҳои шартии мусаллаҳи ғайриқонуниро мавриди омӯзиш ва амал қарор доданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати мудофиаи Русия, дар машқҳо аз техникаҳои ҳарбии навъҳои БТР-80, БТР-82, БМП-2, танкҳои Т-72, 122 силоҳи ирандозии артиллерии 2С1 «Гвоздика» ва низомҳои реактивии оташкушоии БМ-21 «Град» истифода шудааст.

Гуфта мешавад, нерӯҳои муттаҳидаро аз фазо гурӯҳи муштараки авиатсионии иборат аз ҳавопаймоҳои бомбандозу қиркунандаи навъҳои Су-24М, Су-25, Ту-22М3, чархболҳои ҷангиву боркаши Ми-8 ва Ми-24 дастгирӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон беш аз 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, ба он ҳудуди 700 адад техникаи ҳарбӣ ва махсус сафарбар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.