Туркия аз хотимаи амалиёти низомиаш дар шимоли Сурия хабар дод

Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим аз анҷоми амалиёти низомиии кишвараш бо номи "Сипари Фурот" дар шимоли Сурия хабар дода, аммо артиши турк аз ин минтақаи Сурия, ки бо Туркия ҳаммарз аст, берун меояд ё на, ҳанӯз дақиқ нест. Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай оғози амалиёти навро дар минтақаҳои дигари Сурия дар фурсатҳои наздик […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим аз анҷоми амалиёти низомиии кишвараш бо номи "Сипари Фурот" дар шимоли Сурия хабар дода, аммо артиши турк аз ин минтақаи Сурия, ки бо Туркия ҳаммарз аст, берун меояд ё на, ҳанӯз дақиқ нест.

Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, вай оғози амалиёти навро дар минтақаҳои дигари Сурия дар фурсатҳои наздик аз эҳтимол дур надонистааст.

Гуфта мешавад, дар амалиёти "Сипари Фурот", ки моҳи августи соли гузашта шуруъ шуда буд, артиши пиёдагард, тонк ва нерӯҳои ҳавоии Туркия шуришиёни "Артиши озоди Сурия"-ро дар ҷанг бо гуруҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" кумак карданд. "Артиши озоди Сурия" ҳамзамон бо шӯришиён курд, ки бино бар тасдиқи Анқара, "террорист" ҳастанд, меҷангад.

"Аз ин ба баъд ҳангоми таҳдид ба амнияти мо аз сӯи "Давлати исломӣ" ва ё гуруҳҳои дигар, амалиёти навро шуруъ хоҳем кард", – гуфтааст Йилдирим.

Зикр мегардад, ки 30 март Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон барои анҷоми гуфтугӯҳо дар мавзуи мубориза зидди "Давлати исломӣ" бо роҳбарияти Туркия, ба ин кишвар омад.

Ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, Тиллерсон "нақши калидӣ доштани Туркияро дар минтақа" тасдиқ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.