Идомаи баҳси парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон

Дар ҳошияи кори форуми байнулмилалии Арктика вазири нақлиёти Русия Максим Соколов ба ВАО-и кишвараш изҳор кардааст, ки Вазорат ҷиҳати мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе тамоми тадбирҳоро рӯйи кор мегирад. Ӯ иброз доштааст, ки мақомоти Русия доимо аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавопайоии ватанӣ ҳимоя намуда, барои водор намудани Тоҷикистон ҷиҳати ба иҷро расидани бандҳо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар ҳошияи кори форуми байнулмилалии Арктика вазири нақлиёти Русия Максим Соколов ба ВАО-и кишвараш изҳор кардааст, ки Вазорат ҷиҳати мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе тамоми тадбирҳоро рӯйи кор мегирад.

Ӯ иброз доштааст, ки мақомоти Русия доимо аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавопайоии ватанӣ ҳимоя намуда, барои водор намудани Тоҷикистон ҷиҳати ба иҷро расидани бандҳо ва қарордодҳо дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва доир ба ин масъала ҷонибҳо метавонанд гуфтушунидҳои иловагӣ баргузор кунанд.

Қаблан мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.

Аммо ширкати «Ямал» ин пешниҳодро комилан қабул надошта, директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров дар ин робита изҳор намудааст, ки онҳо ивази фурудгоҳ зимни парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунанд.

«Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қобили қабул нест, – гуфтааст ӯ. – Масъалаи парвоз ба Кӯлоб ҳатто баррасӣ намешавад, чнки ин шаҳри начандон бузург буда, ба он монандӣ дорад, ки мо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз ба Тиксиро пешниҳод намоем».

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон алҳол аз пешниҳоди маълумот дар бораи бо чӣ натиҷа анҷом ёфтани гуфтушунидҳо бо ширкати мазкур худдорӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.

Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.

Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон, яъне аз 26 март роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.