Ҳукми 8 соли зиндон барои фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймоӣ

Сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Абдувалӣ Ҳайдаров ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймоӣ бо рақамҳои сохта ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ ва манъи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати 4 сол баъди озодӣ маҳкум шуд. Тавре судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Сурайё Ҷобирзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, Ҳайдаров ҳангоми фаъолият дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои […]

Мавзуна Абдулллоева, Asia-Plus

Сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ Абдувалӣ Ҳайдаров ба фурӯши билетҳои қалбакии ҳавопаймоӣ бо рақамҳои сохта ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ ва манъи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати 4 сол баъди озодӣ маҳкум шуд.

Тавре судяи суди ноҳияи Шоҳмансур Сурайё Ҷобирзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, Ҳайдаров ҳангоми фаъолият дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии пойтахт бо истифода аз мансаб ба шаҳрвандон билетҳои қалбакӣ фурӯхта, ба ин васила 85 нафарро фиреб кардааст.

«Масалан, ӯ ба маблағи 1700 сомонӣ ба Ҷомӣ Содиқов ба хатсайри Душанбе – Маскав бо рақамҳои сохта билет фурӯхта, вале аз номаи ширкати «Тоҷик Эйр» маълум шуд, ки билет бо чунин рақамҳо вуҷуд надорад, – иброз дошт ӯ. – Ҳамин тариқ, ӯ чунин билетҳоро бо рақамҳои сохта боз ба чандин хатсайрҳои гуногун фурӯхтааст».

Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшуда ҳамчунин ба баргардонидани маблағҳои пулие, ки аз шаҳрвандон барои билетҳо азхуд кардааст, уҳдадор шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.