Осеби боришоти зиёд ба чанде аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Охири ҳафтаи сипаришула бар асари боришоти зиёд, ки ба фаромадани селу ярч ва сангпораҳо боис гардиданд, ба чанде аз ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ зиён расид. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари сангфароӣ дар ҷамоати деҳоти Шотемури шаҳри Хоруғ як манзил қисман вайрон шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. «Бо талошҳои дастаи зудамали Ситоди […]

Asia-Plus

Охири ҳафтаи сипаришула бар асари боришоти зиёд, ки ба фаромадани селу ярч ва сангпораҳо боис гардиданд, ба чанде аз ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ зиён расид.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари сангфароӣ дар ҷамоати деҳоти Шотемури шаҳри Хоруғ як манзил қисман вайрон шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

«Бо талошҳои дастаи зудамали Ситоди КҲФ дар ВМКБ оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуда, ҳамчунин сокинони 12 хоҷагӣ, ки зери хатари сангфароӣ қарор доштанд, ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд», – хабар дод котиби матбуотии КҲФ Умеда Юсуфова.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Темурмалик дар натиҷаи обхезӣ дар дарёи Сурхоб қитъаҳои замини се хоҷагӣ зарар дидаанд.

Дар деҳаи Сесангаи ҷамоати шаҳраки Обигарм бар асари боришоти зиёд хатари фаромадани ярч ба вуҷуд омада, кормандони Ситоди Кумита дар минтақаи Рашт бо мақсади омодагӣ ба офати табиии имконпазир бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд ва аз мавзеъҳои бештар хатарнок сокинони 6 хоҷагии иборат аз 28 нафар ба ҷойи амн кӯчонида шуданд.

Ба хотири пешгирии зиён аз жола хадамоти марбутаи Кумтита бо истифода аз мушакҳои зиддижола 22 минтақаи дучори хатар аз жола дар қаламрави шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияҳои Хуросону Ёвон ва Данғараро безарар гардонид.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати шахсии Кумита дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати нақлиёт, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Агентии обёрӣ корҳо оид ба мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳо идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.